Advertising

АГАР МАКОНИ АСОСИИ ТИҶОРАТИ ШУМО ДАР ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО (“ИЁЛОТИ МУТТАҲИДА”) БОШАД, СОЗИШНОМАИ ҲАТМИИ ҲАКАМӢ ВА РАДИЯИ ДАЪВОИ ГУРУҲИРО АЗ НАЗАР ГУЗАРОНЕД (ҚИСМАТИ 12). ОН БА ТАРЗИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО ТАЪСИР МЕРАСОНАД.

Ин Созишномаи Microsoft Advertising (“Созишнома“) байни шахси воқеӣ ё ҳуқуқии дар ҳисоби Microsoft Advertising-и шумо номбаршуда (“Ширкат”, “шумо” ё “аз они шумо”) ва ширкати Microsoft, ки дар Қисмати 17 муқаррар шудааст (“Microsoft”, “мо”, “ба мо” ё “аз они мо”) дар бобати Microsoft Advertising (“Microsoft Advertising”) мебошад (ба https://about.ads.microsoft.com ва ҳама пайвандҳои фаръӣ (“Сомонаи Microsoft Advertising”) нигаред). Барои шубҳаро пешгирӣ кардан, платформаи Microsoft Retail Media Platform (ба https://about.ads.microsoft.com/en-us/solutions/microsoft-promoteiq/promoteiq-for-retailers нигаред) ва платформа Xandr Platform (ба https://about.ads.microsoft.com/en-us/solutions/xandr/xandr-premium-programmatic-advertising нигаред) бо шартҳои ин Созишнома фарогирифта намешаванд. Шумо ба Microsoft Advertising обуна шуда ё барои он фармоиш гузошта, ё истифодаи Microsoft Advertising-ро баъди оид ба тағйирот ба ин Созишнома огаҳ шудан давом дода, ин Созишномаро қабул мекунед. Илова бар ин шартҳо, ин Созишнома дар бар мегирад ҳар гуна “Фармоишҳои дарҷкунӣ” (фармоиши шумо ба мо барои таблиғот), қоидаҳо ва талаботҳои мо дар он замон барои Microsoft Advertising дар сомонаи Microsoft Advertising, сиёсатҳои мо, ки дар https://go.microsoft.com/fwlink?LinkId=398341 дастрасанд, (дар якҷоягӣ, “Сиёсатҳои Microsoft Advertising”), ва агар макони асосии тиҷорати шумо дар Иёлоти Муттаҳида бошад, Созишномаи ҳатмии ҳакамӣ ва раддияи даъвои гуруҳӣ. Агар Ширкати шумо Microsoft Advertising-ро барои аз номи шахси дигар таблиғот ҷойгир кардан истифода бурда истода бошад (“Таблиғотчӣ”), Ширкат намояндагӣ мекунад ва кафолат медиҳад, ки барои амал кардан аз номи Таблиғотчӣ ваколат дорад ва Таблиғотчиро бо Созишнома масъул кардааст ва ҳама истинодҳо ба Ширкат дар ин Шартҳо инчунин ба ин гуна таблиғотчӣ татбиқ мешаванд. Агар Ширкат Таблиғотчиро нисбат ба ин Созишнома масъул накарда бошад, Ширкат барои иҷрои ҳама гуна масъулиятҳо, аз ҷумла ҳама гуна баҳсҳо ва даъвоҳои шартномавӣ ва ғайришартномавие, ки Таблиғотчӣ бояд тибқи ин Созишнома ба дӯш медошт, масъул дониста мешавад. Microsoft метавонад маълумоти хоси Таблиғотчиҳоро дар чорчӯбаи хидмати Microsoft Advertising бо Ширкат ва Таблиғотчӣ мубодила кунад.

Қисмати 1. Microsoft Advertising. Ҳама шартҳои ин Созишнома истифодаи Microsoft Advertising аз ҷониби шуморо ба танзим медароранд. Барои амният ва истифодаи ҳисоби шумо, аз ҷумла меъёрҳои воридшавӣ, идоракунии маъракаҳо аз ҷониби тарафҳои сеюм, калидвожаҳо ва қарорҳои шумо оиди ҳадафноккунӣ, ҷойҳои ниҳоие, ки маъракаҳои таблиғотии шумо корбаронро равона месозанд, ва маҳсулот ва хидматҳое, ки дар ин ҷойҳои ниҳоӣ таблиғ мешаванд, танҳо шумо масъул мебошед. Мо ҳақ дорем Microsoft Advertising-ро дар вақти дилхоҳ тағйир диҳем, то (а) хусусиятҳои Microsoft Advertising; ё (б) шабакаи вебсайтҳои иштироккунандаро, ки дар онҳо таблиғот ва натиҷаҳои ҷустуҷӯ нашр мегарданд, илова кунем, нест кунем ё тағйир диҳем. (Маълумоти бештар дар бораи шарикони мо дар https://help.ads.microsoft.com/apex/index/3/tg-cyrl-tj/52031 дастрас аст.) Microsoft Advertising платформаи таблиғотие мебошад, ки дар он Ширкат ба Microsoft ва шарикони он иҷозат медиҳад, ки барои формат кардани таблиғот абзори худкор истифода баранд. Microsoft ва шарикони он метавонад барои Ширкат маҳсулот ва/ё хусусиятҳои иловагиеро дастрас созад, мисол, хидмати Clarity-и Microsoft (https://clarity.microsoft.com/terms), то ба Ширкат доир ба интихоб ё эҷод кардани таблиғотҳо ёрӣ расонад, ки метавонанд розигии Ширкат ба шартҳои иловагиеро талаб кунанд, ки хусусан ба чунин маҳсулот ва/ё хусусиятҳо татбиқ мешаванд (масалан, тавассути созишномаи онлайн доир ба зеркуниҳои баннер ё огоҳӣ дар интерфейси корбар). Ширкат уҳдадор нест, ки истифодаи чунин хусусиятҳоро иҷозат диҳад, ва ҷое мувофиқ бошад, метавонад оид ба истифода бурдан ё набурдани чунин хусусиятҳо қарор диҳад. Бо вуҷуди ин, агар ин хусусиятҳоро истифода баред, барои таблиғот якка масъул мешавед. Шумо метавонед хусусиятҳои пешнамоишӣ, бета ва дигар хусусиятҳои пешакии хидматҳои Microsoft Advertising-ро (“пешнамоишҳо”) истифода баред, ки мо дастраси шумо месозем. Пешанмоишҳо метавонанд хусусиятҳоеро дар бар гиранд, ки дастгирӣ карда намешаванд ва пурра озмуда нашудаанд. Агар ба Microsoft дар бораи оид ба хидматҳо ва пешнамоишҳо назари худро изҳор кунед (“пешниҳод”), ба Microsoft ва шарикони он барои истифода бурдани пешниҳоди шумо барои мақсадҳои дохилии мо иҷозат медиҳед, аз ҷумла барои беҳтар кардан ё ташвиқ кардани хидматҳои мо.

Қисмати 2. Истифода ва модератсияи муҳтаво. Шумо ба мо иҷозат медиҳед, ки (а) маводҳои таблиғотӣ ва иттилооти маъхазро, ки ба мо дар робита бо ин Созишнома пешниҳод мешаванд (“Муҳтаво”), ва дигар маълумоти муайяни марбут ба истифодаи Microsoft Advertising аз ҷониби шумо дар маҳсулот, вебсайтҳо, барномаҳо, нармафзор ё хидматҳои аҳ ҷониби Microsoft таҳияшуда, ба он тааллуқдошта ё аз ҷониби он кор фармуда мешуда ё аз ҷониби шарикони Microsoft паҳн мешуда такрор кунем, ба таври оммавӣ намоиш диҳем ва интиқол диҳем (“Microsoft Offerings”), (б) Муҳтаворо барои намоиш дар Microsoft Offerings аз нав формат кунем, таҳрир кунем, тағйир диҳем, муттаҳид созем ва аз он корҳои фаръӣ эҷод кунем, ва (в) Муҳтаво ва дигар маълумоти марбут ба истифодаи Microsoft Advertising аз ҷониби шуморо тибқи талаботи қонуни татбиқшаванда, қарори суд ё дигар органи давлатӣ интишор кунем ё ба таври дигар дастрас созем. Муҳтаво Иттилооти ширкатро (дар поён шарҳ дода мешавад) дар бар намегирад. Мо ҳуқуқ дорем, ки Муҳтавои шуморо то дараҷаи ба гумони мо мувофиқ тибқи талаботи қонун баррасӣ кунем ва манъ кунем. Маълумоти бештар дар бораи баррасии муҳтаво ва раванди модератсия дар Сиёсатҳои Microsoft Advertising дастрас аст.

Қисмати 3. Манъҳо. Шумо бавосита ё бевосита: (а) Microsoft Advertising-ро дастрас намесозед ва истифода намебаред ё Муҳтавоеро ба мо барои Microsoft Advertising пешниҳод намекунед, ки ягон қонуни татбиқшаванда ё ин Созишномаро вайрон мекунад; (б) таассурот, дархостҳо, зеркуниҳо ё суҳбатҳои худкори қаллоб ё ба таври дигар нодуруст эҷод намекунед; (в) барои дастрас кардан, дархост кардан ё бо роҳи дигар ҷамъ кардан, нусха гирифтан, дубора эҷод кардан, паҳн кардан, ба таври оммавӣ иҷро кардан ё ба таври оммавӣ намоиш додани маълумоти ба таблиғот рабтдоштаро аз Microsoft Advertising ягон воситаи худкор ё ягон навъи тарошидан ё истихроҷ кардани иттилоотро истифода намебаред; (г) кӯшиш намекунед, ки ба кори Microsoft Advertising халал расонед; (д) ягон ҷабҳаи Microsoft Advertising-ро баръакс таҳия намекунед ё коре намекунед, ки метавонад рамзи аслиро ошкор ё аён созад, чораҳои барои пешгирӣ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба ягон қисми Microsoft Advertising пешбинишударо каноргузарӣ намекунед; ё (е) Microsoft Advertising-ро дастрас намекунед ё истифода намебаред ё ба мо Муҳтавое барои Microsoft Advertising пешниҳод намекунед, ки ягон гуна вирус ё нармафзори зиёновар ё рамзи нармафзори зиёновар дар бар мегирад. Таъмини иҷрои ин Қисмати 3 салоҳдиди танҳо Microsoft буда, таъмин нашудани иҷрои ин қисмат дар баъзе ҳолатҳо раддияи ҳуқуқи мо барои таъмин кардани иҷроиши он дар дигар ҳолатҳо намебошад.

Қисмати 4. Пардохтҳо. Шумо ҳама пардохтҳои дар робита бо ҳисоби шумо ба вуҷуд меомадаро бо истифодаи усул ва шакли пардохти интихоб кардаатон пардохт мекунед. Барои оид ба имконоти биллинг ва пардохт маълумоти бештар гирифтан, ба https://help.ads.microsoft.com/apex/index/3/en-us/n5014 гузаред. Шумо бояд аз болои пардхотҳои талабшуда давоми 60 (шаст) рӯз аз санаи нашр шудани чунин талаботҳо дар ҳисоби шумо шикоят кунед. Ма ва шумо барои ягон намуд андозе, ки уҳдадории тарафи дигар аст, масъул намебошем. Шумо ҳама гуна андози фурӯш, аз арзиши иловашуда, муҳр ва дигар андозҳои қобили ҷамъоварӣ тибқи қонуни татбиқшавандаро пардохт мекунед. Microsoft ҳама гуна андозҳоеро, ки бо шаҳодатномаи озодкунӣ аз андоз, ки ба мо пешниҳод кардаед, фарогирифта мешаванд, ҷамъ намекунад. Агар талаб карда шавад, ки ягон андоз аз пардохтҳои ба мо мекардаатон нигоҳ дошта шавад, метавонед онҳоро тарҳ карда, ба мақомоти андоз пардохт кунед. Шумо ба мо расиди расмиеро доир ба чунин нигоҳдориҳо ва дигар санадҳои ба таври асоснок дархостшударо пешниҳод мекунед, то имтиёзи андози хориҷӣ ё баргардонӣ талаб карда тавонед, ва мо ба таври асоснок кӯшиш мекунем, ки маблағи андоз тибқи қонуни татбиқшаванда то ҳади имкон коҳиш дода шавад. Агар ҳамчун имкони биллинги худ пешпардохтро интихоб кунед, куҷое мувофиқ бошад, ҳама чунин пешпардохтҳо ҳамчун пардохтҳо бо назардошти андоз аз аризиши иловашуда ба ҳисоб мераванд.

Қисмати 5.  Набудани кафолатҳо; Маҳдудияти масъулият. Мо нисбат ба сифат ё дастрасии Microsoft Advertising ё чизи дигаре ягон намояндагӣ намекунем ва ҳама кафолатҳо ва гаравҳо (возеҳ, дарназардошта, санадӣ ва ғайраро, аз ҷумла доир ба мувофиқат барои бозор, мувофиқат барои ягон мақсади муайян, вайрон накардан ва ҷаҳди меҳнатдӯстона) то ҳадди имкони аз ҷониби қонуни татбиқшаванда иҷозатшуда рад мекунем. Шумо Microsoft Advertising-ро ба пуррагӣ таваккал карда дастрас мекунед ва истифода мебаред. Ҳама ҷиҳатҳои иҷроиш ва хидматҳои мо “тавре ҳаст”, “бо ҳама нуқсҳо” ва “тавре дастрас аст” мебошанд. То ҳадде, ки қонуни татбиқшаванда иҷозат медиҳад, ягон тараф барои ягон гуна зарари махсус, тасодуфӣ, баъдина, намунавӣ, ҷазоӣ ва дигар зарарҳои ғайримустақими марбут ба ин Созишнома (аз ҷумла барои аз даст додани иттилоот ё фоида), пешгӯишаванда ва ғайрипешгӯишаванда, новобаста аз фарзияи масъулият масъул намебошад. Масъулияти ҳадди аксари умумии як тараф дар назди тарафи дигар, ва ҳама тарафҳои сеюм: (а) барои ҳама гуна даъвоҳои марбут ба ин Созишнома бо 5 000 дол. ИМА маҳдуд аст; ва (б) бо назардошти банди зикргардида (а), барои ҳама гуна даъвои додашуда маблағе мебошад, ки шумо ба тибқи ин Созишнома барои маъракаи таблиғотие, ки аз он чунин даъво ба миён меояд. Ягон нуктаи ин Қисмати 5 ба () уҳдадориҳои мардохтии шумо ё Қисмати 6: ё (ҳ) масъулияти дилхоҳ тараф барои қаллобӣ ё хунукназарии ҷиддӣ.

Қисмати 6. Ҷуброни зарар. Шумо моро (ва роҳбарон, мансабдорон, коргарон, ширкатҳои фаръӣ ва намояндагони моро) аз ва нисбат ба даъвоҳо, талаботҳо, мурофиаҳо ва дигар иддаои ҳама гуна тарафҳои сеюм (аз ҷумла, агар шумо Ширкат буда ин Созишномаро аз номи Таблиғотчӣ имзо кунед, Таблиғотчӣ бошед) ва ҳама қарорҳо, ҳалҳо ва хароҷот (аз ҷумла ҳаққи ҳимоятгар ва хароҷот), ки аз ё марбут ба Муҳтаво, истифода шудани Microsoft Advertising аз ҷониби шумо ё аз ҷониби шумо вайрон шудани ягон Шарти ин Созишнома ба миён меоянд, муҳофизат ва озод мекунед.

Қисмати 7. Муҳлат ва маҳдудияти ҷуброни зарар. Ин Созишнома ҳангоми қабул карданатон оғоз меёбад ва то дарҳол бекор шуданаш бо огоҳии хаттӣ, тавре дар Қисмати 11-и ин Созишнома шарҳ дода шудааст, давом меёбад. Ҳарду тарафҳо метавонанд ин Созишномаро ва иштироки шуморо дар Microsoft Advertising дар вақти дилхоҳ, бо сабаби дилхоҳ ё бидуни сабаб, дарҳол бо огоҳии хаттӣ бекор кунад. Қисматҳои 2 ва 4 то 15, ва инчунин кафолати шумо дар муқадима новобаста аз чунин бекоркунӣ эътиборро аз даст намедиҳанд.

Қисмати 8. Маълумоти корбари Microsoft Advertising. Мисли байни мо ва шумо, мо ҳама маълумоти аз корбарон дар робита бо хидматҳои таблиғотии худ ҷамъ кардаамонро соҳиб мебошем ва идора мекунем, аз ҷумла маълумоти корбарон, ки аз хусусиятҳои онлайн, барномаҳо ва дигар технологияҳои Microsoft мисли тэгҳо, пикселҳо ва дигар рамзҳои беҳамтои пайгирӣ Microsoft ҷамъ оварда мешавад (“Иттилооти корбарони Microsoft Advertising”). Microsoft чунин Иттилооти корбарони Microsoft Advertising-ро бо мақсади пешниҳод кардани Microsoft Advertising, аз ҷумла, дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳадафигирии дубора ва табдилдиҳӣ истифода мебарад. Шумо мефаҳмед ва эътироф мекунед, ки Microsoft Иттилооти корбарони Microsoft Advertising-ро барои мақсадҳои худ, аз ҷумла барои беҳтар кардани хидматҳои худ истифода мебарад. Илова бар ин, Microsoft метавонад Иттилооти корбарони Microsoft Advertising-ро барои мақсадҳои марбут ба гузоришдиҳӣ ва таҳлили самаранокӣ истифода барад. Мо Иттилооти шахсиро (дар поён шарҳ дода шудааст), ки метавонад дар Иттилооти корбарони Microsoft Advertisement-и дар натиҷаи истифода шудани Microsoft Advertising аз ҷониби шумо бо дигар таблиғотчиён ё тарафҳои сеюм ҷамъшуда ҷойгир бошад ва одамонро шахсан муайян кунад, истифода намебарем. То дараҷае, ки чунин Иттилооти корбарони Microsoft Advertising инчунин Иттилооти шахсӣ мебошад, мо чунин иттилоотро тибқи Баёнияи махфияти Microsoft, ки дар https://privacy.microsoft.com/en-us/privacystatement дастрас аст, ҷамъ мекунем, истифода мебарем ва интишор мекунем.

Қисмати 9. Масъулиятҳои шумо доир ба махфият.

  • Шумо истиноди намоёнро ба сиёсати махфияти онлайн дар ҳар як маконе нигоҳ медоред, ки маъракаҳои таблиғотии шумо ба он корбарони Microsoft Advertising равона мешаванд ва шумо кафолат медиҳед, ки ҳар як сиёсат ба ин Созишнома ва ҳама қонунҳо, қоидаҳо, дастурҳо ва стандартҳои саноатӣ, аз ҷумла қонунҳои федералӣ ва иёлоти ИМА оид ба ҳифзи иттилоот, Регламенти умумии ИА оид ба ҳифзи иттилоот (Регулятсия (ИА) 2016/679), Дастури махфияти электронӣ (Директиваи 2002/58/EC) ва ҳама қонунҳо ва қоидаҳои дигари баробар дар ҳама гуна юрисдиксияи дахлдори марбут ба иттилооти шахсӣ ва махфият (“Қонун(ҳо) дар бораи махфияти иттилоот”). Агар хусусияти Пайгирии универсалии рӯйдодҳоро (Universal Event Tracking (UET)) истифода баред (ба https://help.ads.microsoft.com/apex/index/3/en-us/53056 нигаред) ё Иттилооти шахсиро бо роҳи дигаре ба Microsoft маълум месозед, шумо дар чунин сиёсати махфияти онлайн қайд мекунед (ва агар дошта бошед, дар сиёсати шумо нисбат ба кукиҳо), ки Microsoft Иттилооти шахсиро аз корбарон ва шумо барои пешниҳод кардани Microsoft Advertising ҷамъ мекунад ё қабул мекунад, ва ба Баёнияи Microsoft оиди махфият пайванд пешбинӣ мекунед: https://privacy.microsoft.com/en-us/privacystatement.
  • Агар аз ҷониби шумо истифода шудани маҳсулот ва хидматҳои Microsoft Advertising коркарди Иттилооти шахсӣ, аз ҷумла Иттилооти шахсии ҳассос, субъектҳои иттилоотро дар бар гирад, шумо барои коркарди чунин Иттилооти шахсӣ тибқи Қонунҳо дар бораи махфияти иттилоот ва Сиёсатҳои татбиқшавандаи Microsoft Advertising масъул ҳастед. Масалан, дар Минтақаи иқтисодии Аврупо ва Шоҳигарии Муттаҳида ё дигар юрисдиксияҳое, ки қонунҳо дар бораи махфияти иттилоот ризоиятро ҳамчун асоси қонунии коркарди Иттилооти шахсӣ ва/ё барои фаъолсозии теги UET талаб мекунанд, шумо бояд пеш аз фаъол кардани тэги UET дар хусусиятҳои худ ва/ё ба Microsoft интишор кардани ягон гуна Иттилооти шахсӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонунҳои дахлдор оид ба махфияти иттилоот розигӣ гиред. Шумо набояд аз Microsoft Advertising барои коркарди Иттилооти шахсии ҳассос бар хилофи Қонунҳои марбут ба махфияти иттилоот ё ин Созишнома, аз ҷумла Сиёсати Microsoft Advertising, истифода баред.
  • Иттилооти шахсӣ” маънои ҳама гуна маълумоти марбут ба шахси воқеии муайян ё муайяншаванда ва дар ҳолати имконпазир, шахси ҳуқуқии мавҷудаи муайяншаванда; шахси муайяншаванда шахсест, ки бевосита ё бавосита, аз ҷумла бо истинод ба идентификатор ба монанди ном, рақами мушаххас, иттилоот дар бораи макон, идентификатори онлайн ё як ё якчанд омилҳои хоси физикӣ, физиологӣ, генетикӣ, шахсияти равонӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ё иҷтимоии он шахс. “Иттилооти шахсии ҳассос” маънои Иттилооти шахсиеро дорад, ки яке аз инҳоро дар бар мегирад ё ошкор мекунад: нажодӣ ё этникӣ; эътиқоди динӣ; вазъи солимии равонӣ ё ҷисмонии гузашта, ҳозира ё оянда (аз ҷумла, вале бо маълумоти ҳифзшудаи саломатӣ дар доираи Қонуни интиқолпазирӣ ва масъулиятшиносии суғуртаи тиббии ИМА); ҳаёти ҷинсӣ; тамоюли ҷинсӣ; ақидаҳои сиёсӣ; шаҳрвандӣ ё мақоми муҳоҷират; маълумоти генетикӣ; коркарди иттилооти биометрӣ бо мақсади муайян кардани шахсияти шахси воқеӣ; идентификаторҳои давлатӣ; Маълумоти шахсии аз кӯдаки маълум ҷамъовардашуда; ва/ё ягон маънои дигаре, ки ба истилоҳи “иттилоот ҳассос” ё “категорияҳои махсуси” иттилооти шахсӣ ё дигар муодили маҳаллӣ дода мешавад.
  • Иттилооти ширкат. Баъзе хусусиятҳои Microsoft Advertising ба шумо имкон медиҳанд, ки барои ҳадафгирии мутамарказтар ё ремаркетингро ба мизоҷони худ имконпазир сохтан Иттилооти ширкатро истифода баред. Агар қарор диҳед, ки ин хусусиятҳоро истифода мебаред, Иттилооти ширкате, ки шумо дар робита бо ин хусусиятҳо ба Microsoft пешниҳод мекунед, танҳо барои пешниҳоди ин хидматҳо ба шумо ё ба тариқи дигаре, ки қонун иҷозат додааст истифода мешавад. То андозае, ки Иттилооти ширкат Иттилооти шахсиро дар бар мегирад, Microsoft Advertising уҳдадориҳои мувофиқи Қонунҳо дар бораи махфияти иттилоотро риоя мекунад ва ҳамон сатҳи ҳифзи махфиятро, ки барои «бизнесҳо» тибқи Қонуни Калифорния оид ба махфияти истеъмолкунандагон талаб карда мешавад, таъмин мекунад (тавре тағйир дода шудааст, “CCPA”). Microsoft Advertising тасдиқ мекунад, ки он маҳдудиятҳо ва уҳдадориҳои худро тибқи ин Қисми 9(г) мефаҳмад ва агар мо уҳдадориҳои худро дигар иҷро карда натавонем, шуморо огоҳ мекунад. Бо огоҳии оқилонаи хаттӣ, мо барои дастрас сохтани иттилоот чораҳои оқилона ва мувофиқ меандешем, то мувофиқати мо ба муқаррароти татбиқшавандаи CCPA мувофиқи Созишномаи мазкур ё тавре, ки мо бо роҳи дигар муайян мекунем ва агар шумо истифодаи беиҷозати Иттилооти шахсиро аз ҷониби мо ошкор кунед, мо чораҳои оқилона ва мувофиқ меандешем, то бо шумо барои ислоҳи чунин истифодаи гӯё беиҷозат дар ҳолати зарурӣ кор кунем. “Иттилооти ширкат” маънои маълумот ё иттилоот ва муҳтавои дигарро дар ҳама гуна шакл ё воситае, ки бевосита ё бавосита аз Ширкат аз ҷониби Microsoft Advertising ё тавассути Microsoft Advertising ҷамъоварӣ, боркунӣ ё ба таври дигар гирифта мешавад, ба ғайр аз Муҳтаво. Барои пешгирӣ кардани шубҳа, Иттилооти ширкат маълумот, иттилоот ё муҳтавои дигареро дар бар намегирад, ки аз (а) таҳлил ё коркарди Иттилооти ширкат ҳосил мешавад; (б) истифодаи Microsoft Advertising аз ҷониби Ширкат; ё (в) Иттилооти корбари Microsoft Advertising. Шумо бо ин ба таври бебозгашт ҳамаи чунин ҳуқуқҳо ва иҷозатҳои марбут ба Иттилооти ширкат ё марбут ба Иттилооти ширкатро ба Microsoft медиҳед: (i) барои Microsoft барои пешниҳоди Microsoft Advertising, амалӣ намудани ҳуқуқҳои худ ва пешниҳод кардани дигар хидматҳо тибқи Созишномаи мазкур зарур ё муфид аст; ва (ii) барои истифода, танҳо дар шакли анонимишуда барои беҳтар кардан, нигоҳ доштан ва дастгирӣ кардани маҳсулот, хидматҳо ва амалиётҳои дохилии тиҷоратии Microsoft.

Қисмати 10. Тағйирот. Мо метавонем дар ҳар вақт бидуни огоҳии пешакӣ ба Созишнома тағйироти ғайриҷиддӣ ворид кунем, аммо мо дар бораи ҳама гуна тағйироти ҷиддӣ ба Созишнома на камтар аз 15 (понздаҳ) рӯз пеш огоҳӣ пешниҳод хоҳем кард. Ҳама тағйирот ба таври ояндадор татбиқ мешаванд ва истифодаи Microsoft Advertising баъд аз эътибор пайдо кардани тағйирот маънои қабул кардани ин тағйиротро дорад. Агар шумо тағйиротро қабул накунед, бояд истифодаи Microsoft Advertising-ро қатъ кунед. Мо метавонем Сиёсатҳои Microsoft Advertising-ро дар ҳар вақт, бидуни пешниҳод кардани огоҳӣ ба шумо ва бо таъсири ояндадор тағйир диҳем.

Қисмати 11. Огоҳиномаҳо. Мо метавонем ба шумо тавассути суроғаи почтаи электроние, ки ба мо додаед, огоҳиномаҳо фиристем. Огоҳиномаҳое, ки почтаи электронии шумо фиристода шудаанд, ҳангоми фиристодан ба шумо додашуда ҳисобида мешаванд. Мо шуморо дар бораи тағйирот ба Созишномаи Microsoft Advertising ё Сиёсатҳои Microsoft Advertising тариқи нашр кардани тағйирот ба шартҳо дар Сомонаи Microsoft Advertising огоҳ мекунем. Агар шумо хоҳед, ки моро огоҳ кунед, шумо бояд тавассути почтаи дараҷаи аввал ба Microsoft бо суроғаи зерин мактуб фиристед:

Ба: Microsoft Advertising Legal and Corporate Affairs
Microsoft Corporation
One Microsoft Way
Redmond, WA 98052 USA

Қисмати 12. Созишномаи ҳатмӣ дар бораи ҳакамӣ ва Радияи даъвоҳои гуруҳӣ, агар ҷои асосии тиҷорати шумо дар Иёлоти Муттаҳида бошад. Мо умедворем, ки мо ҳеҷ гоҳ баҳс нахоҳем дошт, аммо агар баҳсе ба миён ояд, шумо ва мо розӣ мешавем, ки дар тӯли 60 рӯз кӯшиш кунем, ки онро ба таври ғайрирасмӣ ҳал кунем. Агар мо ин корро карда натавонем, шумо ва мо розӣ мешавем, ки ҳакамии инфиродӣ дар назди Ассотсиатсияи ҳакамии Амрико (“AAA”) тибқи Қоунуни федералии ҳакамӣ ҳатмӣ бошад ва ба судя ё ҳакамони суд муроҷиат накунем. Ба ҷои ин, ҳаками бетараф қарор хоҳад дод. Даъвоҳои гуруҳӣ, арбитражҳои умумисинфӣ, парвандаҳои хусусии додситони кулл ва ҳама гуна мурофиаи дигаре, ки дар он касе дар сифати намоянда амал мекунад, иҷозат дода намешавад. Инчунин, ба муттаҳид сохтани мурофиаҳои алоҳида бидуни розигии ҳама тарафҳо роҳ дода намешавад.

Созишномаи мукаммали ҳакамӣ ва Раддияи даъвоҳои гуруҳӣ шартҳои бештарро дар бар мегирад ва дар https://about.ads.microsoft.com/en-us/resources/policies/class-action-waiver-and-binding-arbitration дастрас аст. Мо ва шумо розигии худро ба он баён мекунем. Лутфан, онро бихонед.

Қисмати 13.  Ҳалли баҳсҳо, агар ҷои асосии тиҷорати шумо дар Минтақаи иқтисодии Аврупо ё Шоҳигарии Муттаҳида (Бритониё) бошад. Агар миёни мо баҳсе ба миён ояд, шумо ва мо метавонем дар тӯли 60 рӯз кӯшиш кунем (аммо ин ҳатмӣ намебошад) онро ба таври ғайрирасмӣ, аз ҷумла тибқи раванде, ки барои баҳсҳое, ки дар доираи Сиёсатҳои Microsoft Advertisement бармеоянд, ҳал кунем. Агар мо ин корро карда натавонем, шумо ва мо метавонем розӣ шавем, ки баҳсро ба Маркази ҳалли самараноки баҳсҳо, ки миёнаравро пешбарӣ мекунад (агар миёнарав мавҷуд бошад ва хоҳиши хидмат карданро дошта бошад) пешниҳод кунем ё шумо ва мо метавонем барои интихоби миёнарави дигаре мувофиқа кунем, ки барои ҳарду тарафҳо писанд аст. Агар миёнараве ҷалб карда шавад, шумо ва мо розӣ мешавем, ки як қисми муносиби хароҷоти миёнаравро ба уҳда гирем; агар мо ва шумо дар бораи таносуби хароҷот ба созиш наоем, миёнарав оиди ин тасмим мегирад.

Қисмати 14.  Ҳалли баҳсҳо, агар ҷои асосии тиҷорати шумо дар Ҳиндустон бошад. Ҳама гуна масъала ё даъвое, ки аз Созишномаи мазкур ё дар робита бо он бармеояд, бояд ба тариқи ҳакамӣ мувофиқи Қонуни арбитражии Ҳиндустон аз соли 1996 баррасӣ ва дар ниҳоят ҳал карда шавад. Арбитраж мувофиқи тартиби дар Қоидаҳои Маркази байналмилалии ҳакамии Сингапур (“SIAC”), қонуни суди ҳакамӣ, ки қоидаҳои он бо истинод ба ин Созишнома дарҷшуда ба ҳисоб мераванд, амалӣ мегардад. Ҳайати суд аз як ҳакам иборат мешавад, ки аз ҷониби Раиси SIAC таъйин карда мешавад. Забони ҳакамӣ забони англисӣ буда, ҷой ва макони баргузории ҳакамӣ Деҳлии Нав хоҳад буд. Қарори ҳакам ниҳоӣ, ҳатмӣ ва баҳснопазир аст ва метавонад ҳамчун асос барои ҳукм дар Ҳиндустон ё дар ҷои дигар истифода шавад.

Қисмати 15. Қонуни танзимкунанда ва ҷои ҳалли баҳсҳо.

Агар макони асосии тиҷорати шумо дар Иёлоти Муттаҳида ё Канада бошад, қонунҳои иёлот ё вилояти маҳалли тиҷорати асосии шумо ин Созишнома ва ҳама уҳдадориҳои ғайришартномавиро, ки аз ё марбут ба он, даъвоҳо дар бораи вайрон кардани он, истифодаи Microsoft Advertising аз ҷониби шумо, Фармоишҳои дарҷкунӣ, таблиғоти шумо, нархи он, амалиёти хариди шумо ё биллинг сарфи назар аз принсипҳои зиддиятҳои қонунҳо, ба истиснои он, ки Қонуни федералии ҳакамӣ ҳама чизи марбут ба арбитражро ба танзим медарорад.

Агар макони асосии тиҷорати шумо дар Аврупо, Ховари Миёна ё Африқо (“EMEA”) бошад, қонунҳои Ирландия ин Созишнома ва ҳама уҳдадориҳои ғайришартномавиро, ки аз ё марбут ба он, даъвоҳо дар бораи вайрон кардани он, истифодаи Microsoft Advertising аз ҷониби шумо, Фармоишҳои дарҷкунӣ, таблиғоти шумо, нархи он, амалиёти хариди шумо ё биллинг сарфи назар аз принсипҳои зиддиятҳои қонунҳо, ба истиснои он, ки Қонуни федералии ҳакамӣ ҳама чизи марбут ба арбитражро ба танзим медарорад.

Агар макони асосии тиҷорати шумо дар Ҳиндустон бошад, қонунҳои Деҳлии Нави Ҳиндустон ин Созишнома ва ҳама уҳдадориҳои ғайришартномавиро, ки аз ё марбут ба он, даъвоҳо дар бораи вайрон кардани он, истифодаи Microsoft Advertising аз ҷониби шумо, Фармоишҳои дарҷкунӣ, таблиғоти шумо, нархи он, амалиёти хариди шумо ё биллинг сарфи назар аз принсипҳои зиддиятҳои қонунҳо, ба истиснои он, ки Қонуни федералии ҳакамӣ ҳама чизи марбут ба арбитражро ба танзим медарорад. То ҳадде, ки қонуни амалкунанда иҷозат додааст, тарафҳо аз ҳуқуқи худ ба ҳама гуна шакли шикоят ё муроҷиати шабеҳ ба суд даст мекашанд.

Агар макони асосии тиҷорати шумо берун аз Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, Ховари Миёна ва Африқо ва Ҳиндустон бошад, қонунҳои аёлати Невадаи ИМА бошад ин Созишнома ва ҳама уҳдадориҳои ғайришартномавиро, ки аз ё марбут ба он, даъвоҳо дар бораи вайрон кардани он, истифодаи Microsoft Advertising аз ҷониби шумо, Фармоишҳои дарҷкунӣ, таблиғоти шумо, нархи он, амалиёти хариди шумо ё биллинг сарфи назар аз принсипҳои зиддиятҳои қонунҳо, ба истиснои он, ки Қонуни федералии ҳакамӣ ҳама чизи марбут ба арбитражро ба танзим медарорад.

Ҷой барои ҳалли баҳсҳо. Агар байни мо аз Шартномаи мазкур ё вобаста ба ин ё ҳама гуна ӯҳдадориҳои ғайришартномавӣ, ки аз он бармеоянд ё бо он алоқаманданд, даъвоҳо оид ба вайрон кардани он аз истифодаи Microsoft Advertising, Фармонҳои воридкунӣ, таблиғоти шумо, нархи он, амалиёти хариди шумо ё биллинг ягон вақт баҳсе ба миён ояд, ки ба парвандаи судӣ табдил меёбад, форуми истисноӣ дар судҳои (a) Ирландия баргузор мешавад, агар ҷои асосии тиҷорати шумо дар Аврупо, Ховари Миёна ё Африқо бошад; ё (б) Деҳлии Нави Ҳиндустон, агар ҷои асосии тиҷорати шумо дар Ҳиндустон бошад; ё (в) Онтарио, Канада, агар ҷои асосии тиҷорати шумо дар Канада бошад; ё (г) суди иёлот ё федеролии Кинг Каунти, Вашингтон, ИМА, агар макони тиҷоратии шумо дар ҷои дигар бошад. Шумо аз ҳама гуна эътироз ба баррасии парвандаҳо дар ин гуна судҳо дар асоси ҷои баргузории он ё дар асоси оне, ки марофиа дар форуми номусоид амалӣ шудааст, дасткашӣ мекунед.

Қисмати 16. Муқаррароти умумӣ. Ҳар як тараф барои тарафи дигар иштирокчии мустақили созиш аст ва салоҳияти аз номи дигарро иҷро кардан ё бастани онро надорад ва ин Созишнома муносибатҳои дигареро эҷод намекунад (масалан, шуғл, шарикӣ, намояндагӣ ё франшиза). Иҷро накардани ягон қисми ин Созишнома раддияро ташкил намедиҳад; танҳо раддияи хаттӣ эътибор дорад. Шумо ин Созишномаро пурра ё қисман бе розигии мо интиқол намедиҳед ва ҳар гуна супорише, ки бар хилофи ин Қисмати 16 мебошад, эътибор нахоҳад пайдо кард. Бо дарназардошти муқаррароти дар боло зикршуда, Созишномаи мазкур ба ворисон ва ваколатҳои қонунии тарафҳо ҳатмӣ ва манфиатнок хоҳад буд. Агар суд ё ҳакам чунин шуморад, ки мо як қисми ин Созишномаро тавре, ки навишта шудааст, иҷро карда наметавонем, мо метавонем ин шартҳоро бо шартҳои шабеҳ ба андозае, ки тибқи қонуни дахлдор қобили иҷро аст, иваз кунем, аммо қисми боқимондаи ин Созишнома тағйир намеёбад. Дар қисмати з-и Созишномаи ҳатмӣ дар бораи ҳакамӣ ва Радияи даъвоҳои гуруҳӣ гуфта мешавад, ки агар қисмҳои Қисмати 12-и дар боло овардашуда (Созишномаи ҳатмӣ дар бораи ҳакамӣ ва Радияи даъвоҳои гуруҳӣ) ғайриқонунӣ ё қайри қобили иҷроиш дониста шаванд, чӣ мешавад; агар Қисми з-и Созишномаи ҳатмӣ дар бораи ҳакамӣ ва Радияи даъвоҳои гуруҳӣ бо ин Боби 16 мувофиқат накунад ва агар ҷои асосии тиҷорати шумо дар Иёлоти Муттаҳида бошад, созишномаи мазкур нисбати он бартарӣ хоҳад дошт. Ҳама ҳуқуқҳо ва воситаҳои ҳимояи дар ин Созишнома муқарраршуда кумулятивӣ мебошанд. Ин Шартнома тамоми созишномаи тарафҳо оид ба ин мавзуъ буда, ҳама муоширати қаблӣ ва ҳамзамонро муттаҳид мекунад ва ҳама созишномаҳои қаблии байни тарафҳоро дар ин мавзуъ ҷойгузин мекунад.

Қисмати 17. Ширкати Microsoft. “Microsoft” маънои Microsoft Online, Inc. (6880 Sierra Center Parkway, Reno, NV 89511 USA)-ро дорад, ё агар ҷои асосии тиҷорати шумо дар (a) Ҳиндустон бошад, дар ин ҳолат “Microsoft” маънои Microsoft Corporation (India) Private Limited (Level 10, Tower C, Epitome, Building No. 5, DLF Cyber City, Phase 3, Gurugram 122002 – Haryana, India)-ро дорад, ё агар дар (b) Бразилия бошад, дар ин ҳолат “Microsoft” маънои Microsoft do Brasil Importação e Comércio de Software e Video Games Ltda., enrolled with the CNPJ under No. 04.712.500/0001-07 (Av. Presidente Juscelino Kubitscheck 1909, Torre Sul, 18 Andar, conj. 181 – Vila Nova Conceição, CEP: 04543-907 São Paulo/SP Brasil)-ро дорад, ё агар дар (в) Аврупо, Ховари Миёна ё Африқо ё минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бошад, ба ҷузъ аз Чини континентӣ ва Тайван (“APAC”) бошад, дар ин ҳолат “Microsoft” маънои Microsoft Ireland Operations Limited (One Microsoft Place, South County Business Park, Leopardstown, Dublin, Ireland 18, D18 P521)-ро дорад, ё агар дар (г) Тайван бошад, дар ин ҳолат “Microsoft” маънои Microsoft Taiwan Corporation (18F, No. 68 Sec. 5, Zhongxiao E. Rd, Xinyi District, Taipei City, 11065, Taiwan)-ро дорад.

Барои оид ба тағйироте, ки ба ин Созишномаи Microsoft Advertising ворид карда шудааст, маълумот гирифтан, ба дафтари қайди тағйирот нигаред.